The CW Television Network
Шабакаи телевизионии амрикоӣ / From Wikipedia, the free encyclopedia
The CW Television Network (The CW) — шабакаи телевизионии амрикоӣ, ки 18 сентябри соли 2006 дар натиҷаи якҷояшавии ду шабакаи телевизионии зиёновар оғоз кард: UPN, ки ба CBS Corporation тааллуқ дошт ва аз 15 сентябр пахши барномаҳояшро қатъ кард ва WB, ки ба Warner Bros тааллуқ дорад ва 17 сентябр пахши барномаҳоро қатъ кард. Номи шаӣака аз ҳарфҳои аввали номҳои ширкатҳои волидайн ташаккул ёфтааст. Моликон — CBS, Warner Bros и WarnerMedia.
The CW Television Network | |
---|---|
Мамлакат | ИМА |
Минтақаи пахш |
ИМА Канада |
Замони пахш | 2006 |
Забон | англисӣ |
Маркази идоракунӣ | Бурбэнк, Калифорния, ИМА |
Оғоз | 18 сентябри 2006 |
Асосгузор | CBS ва WB |
Молик |
Paramount Global Warner Bros. Discovery Nexstar Media Group |
Номҳои пештара |
UPN The WB |
Шарикони шабака |
Дон Острофф (2006—2011) Марк Педовитс (аз 2011) |
Шиор | Dare to Defy (англ. Ҷуръат кун ва даъво кунед) |
Сайт | www.cwtv.com |
Рӯзҳои 18 ва 19 сентябр ин шабака намоишҳои такрории UPN ва The WB-ро пахш кард ва 20 сентябр нахустнамоиши мавсими ҳафтуми "America's Next Top Model" баргузор шуд. Аз замони ифтитоҳи худ, ин шабака барои ҷалби тамошобинон бо мушкили талош мебурд ва рейтинги ин шабака аз чаҳортои бузург (ABC, CBS, NBC ва Fox) ва ҳатто Univision бо забони испанӣ хеле паст буд[1]. Дар маҷмӯъ, The CW ҳар сол дар рейтингҳо дар ҷои 5-ум ва охирин қарор дорад ва шабакаи телевизионии камтамошобин аст[2]. Аз оғози пахши барномаҳо то мавсими 2012/13 барномаҳои ин шабака барои тамошобинони занҳои аз 18 то 34 сола равона шуда буданд[3]. Аз тирамоҳи соли 2012 ин шабака аудиторияи мақсадноки худро васеъ намуда, кӯшиш мекунад, ки на танҳо тамошобинони зан, балки мардонро низ ҷалб намояд[4].
Айни замон шабака дувоздаҳ соат мундариҷаи аслиро дар вақти прайм-тайм, аз душанбе то ҷумъа ва якшанбе (аз тирамоҳи соли 2018) ва инчунин блоки кӯдакона дар субҳи шанбе пахш мекунад.
5 январи соли 2022, Wall Street Journal хабар дод, ки ду ширкат, WarnerMedia ва ViacomCBS, фурӯши шабакаи CW-ро баррасӣ мекунанд[5].
13 январи соли 2022, Comic Book Resources гузориш дод, ки фурӯши эҳтимолии шабакаи The CW бо анҷоми барномаҳои таҳиякардаи WarnerMedia ва ViacomCBS алоқаманд аст[6].