Созмони ҷаҳонии тандурустӣ
муассисаи махсусгардонидашудаи СММ / From Wikipedia, the free encyclopedia
Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ, ҳамч. Созмони ҷаҳонии беҳдошт (СҶБ); англ. World Health Organization, WHO — муассисаи махсусгардонидашудаи Созмони Милали Муттаҳид, иборат аз 194 кишвари аъзо, вазифаи асосии он ҳалли байналмилалии мушкилиҳои саломатӣ аҳолии ҷаҳон аст. Он соли 1948 таъсис ёфта, марказаш дар Женеваи Швейтсария ҷойгир аст.
Маркази маъмурӣ | |
---|---|
Намуди созмон | specialized agency of the United Nations[d], open-access publisher[d], созмони байналмилалӣ[d] ва academic publisher[d] |
Официальные языки | инглисӣ[2], арабӣ[2], испониёӣ[2], фаронсавӣ[2], русӣ[2] ва Забони чинӣ |
Санаи таъсис | 7 апрел 1948[3][4] |
Соҳа | human health activities[d][5] |
Число сотрудников |
|
Материнская организация | United Nations Economic and Social Council[d][6] ва Созмони Милали Муттаҳид[5] |
Ҷоизаҳо | |
Веб-сайт | who.int(англ.) |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ба гурӯҳи махсусгардонидашудаи СММ, ба ғайр аз СУТ, ЮНЕСКО (Ташкилоти таълимӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид), Созмони Байналмилалии Меҳнат (СБМ), ЮНИСЕФ (Хазинаи кӯдакон) шомиланд.
Кишвар-аъзои СММ бо қабули Оиннома узви СУТ мешавад. Кишвари ғайри-аъзои СММ бо аксарияти оддии овозҳои Ассамблеяи Генералӣ ба узвияти СУТ қабул карда мешавад. Ҳудудҳое, ки ҳуқуқи ба сифати субъектҳои муносибатҳои байналмилалӣ баромад карданро надоранд, метавонанд ба СУТ ҳамчун аъзои ассотсиатсия дар асоси изҳороти аз номи онҳо содиркардаи узви СУТ ё дигар мақоми ваколатдори масъули муносибатҳои байналмилалии ин қаламравҳо қабул карда шаванд.