Ислом
From Wikipedia, the free encyclopedia
Ислом ё дини ислом (арабӣ: الإسلام), дини мусулмонӣ — яке аз динҳои иброҳимии ҷаҳонӣ аст. Маънои калимаи «ислом» - «таслим шудан» «қабул доштан» (яъне қонунҳои Аллоҳро) мебошад. Дар забони арабӣ калимаи ислом — сифати феълист, ки аз феъли سلم гирифта шуда, маънояш эмин гирифтан, дар паноҳ гирифтан, озод шудан мебошад. Худои дини Исломро Аллоҳ меноманд ва маънояш ба забони арабӣ Худо аст. Китоби муқаддаси ин дин Қуръон аст. Мусулмонон суннат ва ҳадисҳои паёмбарро низ муқаддас медонанд. Ҳамчун дуи дигар дин — масеҳӣ ва яҳудӣ яке аз асосгузорони аввалини Ислом низ ҳазрати Иброҳим(а)-анд. Дар ҳар сеи ин динҳо Иброҳим(а) — яке аз паёмбарони аввалинанд. Имруз дини Ислом дини дуюми калони дунё ҳисоб мешавад ва шумораи пайравонаш зиёда аз 2 миллиард мебошанд. Дар 130 мамлакатҳои ҷаҳон паҳн шудааст, ки 28-тои онҳо дини Исломро ба дини давлатӣ табдил додаанд.
بسم الله الرحمن الرحيم Ислом (арабӣ الإسلام – Ислом ба худованд итоат кардан), яке аз динҳои якхудои дар рӯи ҷаҳон буда, дар асри VII мелодӣ дар Ҳиҷоз (дар ғарби нимҷазираи Арабистон) пайдо шудааст. Ислом Муҳаммад (с)-ро охирин фиристодаи Худо (Аллоҳ) меҳисобад. Одамони пайрави ин дин мусулмон ном доранд (аз калимаи арабӣ: مسلمون, муслим, «мутеъ»). Онҳо фақат ба Худои ягона бовар мекунанд.