Забони олмонӣ
забони германии ғарбӣ, забони давлатии Олмон, Утриш, Швейтсария, Белгия, Лихтенштейн ва Люксембург / From Wikipedia, the free encyclopedia
Забони олмонӣ (германӣ; олм. Deutsch (итт.), талаффуз: [ˈdɔʏ̯tʃ]; deutsche Sprache, талаффуз: [ˈdɔʏ̯tʃə ˈʃpʁaːχə]) — забони олмониҳо, утришиҳо, олмониҳои Швейтсария, лихтенштейниҳо, элзасиҳо ва лотарингҳо, инчунин симбрҳо ва моҳеноҳо (дар Итолиё). Забони расмӣ дар Олмон, Утриш, Лихтенштейн, яке аз забонҳои расмии Швейтсария, Люксембург, Белгия.