Бориш
From Wikipedia, the free encyclopedia
Бориш (ё бориши атмосферӣ) — обест дар ҳолати моеъ ё сахт, ки аз абр меборад (борон, барф, жола) ё бевосита дар сатҳи замину ашёи рӯйи он ба туфайли конденсатсияи бухори оби таркиби ҳаво пайдо мешавад (яхча, қирав, шабнам).
Боришро бо асбобҳои махсуси боришсанҷ бо мм чен мекунанд. Миқдори бориш вобаста ба арзи ҷуғрофиёӣ, масофа аз уқёнус, самти бод ва релйефи маҳал дар мавзеъҳои гуногуни кураи Замин гуногун мешавад.