Бод
From Wikipedia, the free encyclopedia
Бод (форсӣ: باد), шамол — нисбат ба замин ба таври уфуқӣ ҷой иваз кардани ҳаворо гӯянд.
Эҳтимолияти ҷойивазкунии амудии ҳаво садҳо маротиба кам аст ва он фақат дар абрҳо ва пуштаҳо ба дараҷаи намоён ба амал меояд. Сабаби асосии ба вуҷуд омадани ҳаракати ҳаво ин фарқияти фишори атмосферӣ дар байни ноҳияҳои алоҳида мебошад. Ҳаво аз минтақаи фишораш баланд ба сӯи минтақаи фишораш паст, мувофиқан аз самти ҳарорати сард ба сӯи минтақаи баланд, яъне ба сӯйи градиенти фишорӣ ва ҳароратӣ ҳаракат мекунад. Ба ин ҳаракати ҳаво чанд қувва – қувваи майлдиҳандаи гардиши Замин – Қувваи Кориолис, қувваи соиш ва моменти ҳаракати каҷхаттаи ҳаво, инчунин қувваи марказгурез таъсир мерасонанд.