Раъйпурсии умумииттифоқӣ барои пойдории ИҶШС
From Wikipedia, the free encyclopedia
Раъйпурсии умумииттифоқӣ оид ба нигоҳ доштани ИҶШС — ягона раъйпурсӣ дар таърихи Иттиҳоди Шӯравӣ, 17 марти соли 1991 барпо гардид. Ба референдум масъалаи « Оё шумо зарур мешуморед, ки Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравиии Сотсиалистӣ ҳамчун федератсияи навшудаи ҷумҳуриҳои соҳибихтиёри баробарҳуқуқ нигоҳ дошта шавад, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои мардуми ҳар миллат пурра таъмин карда мешавад».
Баргузории раъйпурсӣ дар ҶШС Русия, ҶШС Украина, ҶШС Белоруссия, ҶШС Қазоқистон, ҶШС Озарбойҷон, ҶШС Ӯзбекистон, ҶШС Тоҷикистон, ҶШС Қирғизистон ва ҶШС Туркманистон дастгирӣ ёфт. Дар баробари ин дар ҶШС Литва, ҶШС Латвия, ҶШС Эстония, ҶШС Гурҷистон, ҶШС Молдавия ва ҶШС Арманистон ҳамапурсӣ гузаронда нашуд.