Порис
From Wikipedia, the free encyclopedia
Порис (фр. Paris, русӣ: Париж) — шаҳр ва пойтахти Фаронса. Маркази маъмурии ноҳияи Ил-де-Франс аст. Коммуна ва департаментро ташкил мекунад, ки аз 20 ҳавза иборат аст.
Маҳалли аҳолинишин | |||||
фр. Paris[1] | |||||
|
|||||
Кишвар | [[|]] | ||||
Роҳбар | Anne Hidalgo[d] | ||||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||||
Таъсис | асри III то м.[2] | ||||
Масоҳат |
|
||||
Баландии марказ | 28 ± 1 м | ||||
Минтақаи замонӣ | UTC+1[d] ва UTC+02:00 | ||||
Аҳолӣ | |||||
Аҳолӣ | |||||
Забони расмӣ | фаронсавӣ | ||||
Шиносаҳои ададӣ | |||||
Пешшумораи телефон | 1 | ||||
Нишонаи почта | 75116, 75001, 75002, 75003, 75004, 75005, 75006, 75007, 75008, 75009, 75010, 75011, 75012, 75013, 75014, 75015, 75016, 75017, 75018, 75019, 75020 ва 75000 | ||||
Коди мошин | 75 | ||||
paris.fr(фр.) | |||||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Аҳолӣ — 2,274 млн одам (2014 год), панҷум шаҳри Иттиҳоди Аврупо аз ҷиҳати ҳаҷм[5]. Ба ҳисоби умумии аҳолии дохили Порис ва маҳаллаҳои атрофи он («Пориси Калон») 10,6 млн нафар одам сукунат мекунад (2011). Дар қисми шимолии Фаронса, ва ҳамвории ҳавзаи Порис дар соҳили дарёи Сена чой гирифтааст.
Маркази муҳимтарини сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Фаронса аст. Ҳамчун яке аз марказҳои молияи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Инҷо қароргоҳи ЮНЕСКО (UNESCO — The United Nations Educational, Scientific and Cultural Organization) ва дигар муассисаҳои байналмилалӣ ҷойгир шудаанд.
Маркази таърихӣ, ки аз ҷазираи Сите ва ҳарду соҳилҳои дарёи Сена дар тулли як чанд аср ташаккул мекард. Дар нимаи асри XIX дар Порис таъмири ҷиддӣ шуда гузашт. Дар назди шаҳр қаср ва боғи таърихӣ Версал қарор дорад, ки манзараи мутаносибро ташкил мекунад.
Замони таъсиси Порис аз асри III п. м. бо қабилаи келтҳо (паризиён) равнақ гирифт. Аз асри III—IV ҳамчун шаҳри галӣ-румӣ Паризиён маълум аст. Аз охири асри X бо қатъшавии муваққатан — пойтахти Фаронса.