Пешовар
From Wikipedia, the free encyclopedia
Пешовар (паштуӣ: پېښور, پِشور; санскр. पुरुषपुर или गंधार — Пурушапура — «шаҳри Пуруш»; англ. Peshāwar) — пойтахти музофоти шимолу ғарбии Покистон дар иёлати Хайбер-Пухтунхво воқеъ аст.
Шаҳр | |
урду: پشاور, санскр. पुरुषपुर или गंधार — Пурушапура, пашту: پېښور, پِشور | |
34°00′ с. ш. 71°30′ в. д.HGЯO | |
Кишвар | |
Роҳбар | Haji Ghulam Ali[d] |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Масоҳат |
|
Баландии марказ | 359 м |
Навъи иқлим | континенталии тропикӣ |
Минтақаи замонӣ | UTC+05:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 3 625 000 тан (2010) |
Эътиқодот | мусулмонон (90 %), дигар динҳо (%) |
Забони расмӣ | урду |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | 091 |
Нишонаи почта | 25000 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Пешовар дар канори роҳрави ағбаи маъруфи Хайбер воқеъ аст ва маркази тиҷоративу сиёсӣ ва фарҳангии сарҳади Покистон ва минтақаҳои паштун мебошад. Дар навиштаҷоти Каъбаи Зардушт: "Шопур ман ин шаҳрро ҳамчун қаламрави Эрон мехонам".
Шаҳри бостонӣ ва қадимаи Пешовар тақрибан 50 километр дарозӣ ва 20 километр паҳнӣ дорад. Фосилаи ин шаҳр аз пойтахт 150 км аст. Пешовар инчунин бо номи шаҳри гулҳо шинохта шудааст ва дар ҳар чор фасли сол дар боғҳои шаҳр гулҳои гуногунро дидан мумкин аст. Шаҳр дар аввали даромадгоҳи водии Хайбер, дар роҳи пайвастагии қадимаи Осиёи Миёна бо минтақаи Ҳиндустон ҷойгир аст.
Шаҳри Пешовар ба ду қисм ҷудо мешавад: куҳна ва муосир. Қисмати пешинаи шаҳр, ки бо ду дарвоза ва бо услуби шаҳрҳои қадимаи Осиёи Миёна сохта шудааст, хонаҳои хиштӣ ва хиёбонҳои тақаллубӣ дорад. Қисмати навбунёди шаҳр, ки як қаламрави ҳарбӣ аст, хонаҳои бузурги замонавӣ ва кӯчаҳои тозаву озода дорад ки юештарт он хонаҳои нерӯҳои ҳавоии Покистон аст.
Аҳолии Пешовар аз ду гурӯҳи қавмии паштун, ки аксарияти аҳолии ин шаҳрро ташкил медиҳанд ва дар Пешовар, мардуми маҳаллӣ мебошанд, иборат мебошад. Ба ғайр аз ду гурӯҳи этникӣ, тоҷикон, ҳазораҳо ва чипканҳо низ дар ин шаҳр зиндагӣ мекунанд. Мардум бештар ба забони пашту, дар айни замон, ба забонҳои форсӣ, ҳиндӣ, панҷобӣ ва урду дар Пешовар сухан бигӯянд.
Масофа аз Пешовар то гузаргоҳи сарҳади Торхам чилу панҷ километр ва аз шаҳри сарҳади Торхам то Кобул дусаду бисту чор километр аст. Садҳо афғонҳо ва даҳҳо коргарони покистонӣ ҳар рӯз ба шоҳроҳи Пешовар-Кобул мераванд.