Ню-Йорк (иёлат)
From Wikipedia, the free encyclopedia
Иёлати Ню-Йорк[4](англ. New York, талаффуз мешавад /nuː ˈjɔrk/, кутоҳ. NY[5]) — иёлатест дар қисми Шимолу Шарқии ИМА назди соҳили уқёнуси Атлантик ва сарҳади Канада. Масоҳати иёлат — 141 300 км². Ба ҳайати иёлат ҷазираи Лонг-Айленд дохил мешавад. Маркази маъмурӣ — шаҳри Олбани.
англ. State of New York | |||||
|
|||||
Кишвар | ИМА | ||||
Маркази маъмурӣ | Албания,Ню-Йорк | ||||
Роҳбар | Kathy Hochul[d][1] | ||||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||||
Таърихи таъсис | 26 июл 1788 | ||||
Масоҳат |
|
||||
Баландӣ | 305 м | ||||
Вақти минтақавӣ | EDT[d], UTC−05:00[d][2], America/New_York[d] ва UTC−04:00[d][2] | ||||
Аҳолӣ | |||||
Аҳолӣ | |||||
Шиносаҳои ададӣ | |||||
Рамзи ISO 3166-2 | US-NY | ||||
Вебгоҳи расмӣ(англ.) | |||||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ба ҳудуди иёлат бузургтарин шаҳр ва маркази молиявии ИМА — Ню-Йорк дохил аст. Аҳолӣ — 19 795 791 нафар (ҷойи 4-ум баъд аз иёлатҳои Калифорния, Техас ва Флорида) (2015), аз ҷумла аҳолии шаҳрӣ 85 %; зиёда аз 40 % сокинони шаҳри Ню-Йорканд. Шаҳрҳои бузургтарин ва марказҳои саноатӣ: Ню-Йорк, Буффало, Рочестер, Сиракюс, ва шаҳрҳои Ниагара-Фолс, Ютика, Скенектади, Бингемтон.
Соли 1626 ҳоландиҳо дар заминҳои ба тасарруф даровардаи амрикоӣ, шаҳри Амстердами Навро (оянда Ню-Йорк) таъсис намуданд, ки маркази мустамликавии Ҳоланд дар Амрико гардид. Ин минтақа объекти зиддияти дарозмӯҳлати инглисӣ-ҳоландӣ шуд. Соли 1664 губернатори ҳоландӣ Петер Стейвесант зери таҳдиди флоти Англия мустамликаро ба инглисҳо супорид. Аз соли 1664ум (ғайри 1673—1674) соҳибони ин минтақа инглисҳо шуданд (ба мустамликаи нав номгузории нав — Ню-Йорк гузошта шуд).