Нафт
From Wikipedia, the free encyclopedia
Нафт, нефт — моеъи равғанмонанди сӯзандаест, ки бӯи махсус дорад ва дар қабати таҳшинии замин паҳн шудааст. Яке аз муҳимтарин сарватҳои табиӣ мебошад. Якҷоя бо карбогидридҳои газшакл, одатан, дар чуқурии зиёда аз 1,2—2 км ҳосил мешавад. Дар рӯи замин ба моеи ғализ ё моддаи сахт (асфалт) табдил меёбад.