Мушакпаронӣ ба Укроин 10 октябри соли 2022
From Wikipedia, the free encyclopedia
Ҳамалоти мушакии густарда ба Укроин — рӯзи 10 октябри соли 2022, мушакпаронии шадид дар Укроин рух дод. Қувваҳои ҳарбии Русия ба 14 минтақаҳои Укроин зиёда аз 80 мушак паронданд. Қариб нисфи мушакҳои парондашударо Қувваҳои зидди ҳавоии Укроин нест карданд. Таркишҳои калон дар шаҳрҳои Лвов, Днепр, Тернопол, Ивано-Франковск, Житомир, Харков, Хмелнитск, Кременчуг ва дигар шаҳрҳои Укроин сар заданд[3][4]. 23 нафар вафот кард ва 105 нафар захмӣ шудаанд, қариб 70 мавзеъҳои инфрасохтор, ки аз онҳо 29-то мавзеъҳои муҳими инфрасохтор, 4 хонаи бисёрошёна, 35 хонаи шахсӣ ва 1 мактаб дар Киев зарар дидаанд. Ин зарбаҳо қасосан барои тарконидани кӯпруки Қрим, ки Русия Укроинро гунаҳкор меҳисобад зада шудаанд.
Quick Facts Кишвар, Макони кунунӣ ...
Кишвар | |
---|---|
Макони кунунӣ | |
Замони вуқуъ | 10 октябр 2022 |
Бо ҳузури | Нерӯҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия |
Шумори захмиҳо | 23[1] |
Шумори ҷонбохтагон |
|
Таслиҳот | 3M-54 Kalibr[d], Kh-55[d] ва 9A52-4 Tornado[d] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Close