Механикаи классикӣ
From Wikipedia, the free encyclopedia
Механикаи классикӣ, ки ҳамчун Механикаи Нютонӣ низ ном бурда мешавад як ҷабҳаи физика буда, ҳаракати ҷирмҳои макроскопиро меомӯзад. Ба ҷирмҳои макроскопӣ аз тири гулӯла сар карда то қисмҳои машинасозӣ ва ҷирмҳои астрономие монанди киштии кайҳонӣ, сайёраҳо, ситораҳо ва галактикаҳо медароянд. Ин ҷабҳаи қадимтарини илму текнолоҷӣ буда, дар маҳдудияти ҳодисаҳои макроскопӣ натиҷаҳои хеле муайяну саҳеҳро медиҳад.
Ба ғайр аз ин, ихтисосҳои бисьёри дигар ҳастанд, ки бевосита ба механикаи классикӣ иртибот доранд. Барои ҷирмҳое ки бо суръати баланд (наздик ба суръати рӯшноӣ) ҳаракат мекунанд механикаи классикӣ бо нисбияти махсус ҳамҷоя омӯхта мешавад. Боз ҳам барои чуқуртар омӯхтани қувваи ҷозиба дар механикаи классикӣ аз нисбияти умумӣ низ истифода бурда мешавад.
Дар физика, механикаи классикӣ яке аз ду ҷабҳаест, ки илми механикиро меомӯзанд. Илми механикӣ гуфта, маҷмӯаи қонунҳои физикиро гӯянд, ки ҳаракати ҷисмҳои физикро бо роҳи математикӣ тавсиф мекунанд. Ҷабҳаи дуввумин механикаи квантист.