Маҷлиси миллии Фаронса
From Wikipedia, the free encyclopedia
Маҷлиси Миллӣ ё Ассамблеяи Миллӣ (фр. Assemblée nationale) — палатаи поёнии парлумони Фаронса мебошад, палатаи болоӣ бошад сенат мебошад. Ассамблеяи Миллӣ дар Қасри Бурбон (Пале Бурбон)-и Париж, дар соҳили чапи дарёи Сена дар муқобили Майдони Оштӣ ҷойгир аст. Қасри Бурбон соли 1728 сохта шуда буд, вакилон дар он аз соли 1798 маскан гирифтанд.
Маҷлиси миллӣ Assemblée nationale | |
---|---|
Навъ |
Палатаи поёнӣ |
Таърих | |
Таъсис | 4 Октябр 1958; 65 years ago (1958-10-04) |
Ҳокимияти қонунбарори гузашта |
Маҷлиси миллӣ (Ҷумҳурии Чорум) |
Фармонравоҳо | |
Ричард Ферран, LREM Since 12 сентябри 2018 |
|
Сохт | |
Ҷойҳо | 577 |
Гурӯҳҳои сиёсӣ |
Minority Government (245)
Opposition (332)
|
Интихобот | |
Системаи овоздиҳӣ |
системаи дудаврӣ |
Интихоботи охири |
12 and 19 June 2022 |
Интихоботи баъдӣ |
2027 |
Макони вохӯрӣ | |
Palais Bourbon, Paris | |
Сомона | |
assemblee-nationale.fr |
Маҷлис аз 577 вакил иборат аст, ки дар натиҷаи интихоботи мустақими умумӣ дар ду давр ба муддати 5 сол интихоб мешаванд. Мисли сенаторҳо, вакилон нақши дугона доранд, ки аз болои амалҳои ҳукумат назорат кунанд, ба Ассамблея ба таври хаттӣ ё даҳонӣ ҳисобот диҳанд ва қонунҳои нав қабул кунанд.
Раиси Маҷлиси Миллӣ одатан намояндаи ҳизби пешбар аст. Ба ӯ ноиби президент, одатан аз ҳизби дигар, кӯмак мекунад. Мӯҳлати ваколати Маҷлиси Миллӣ 5 сол аст, аммо раисиҷумҳури Фаронса метавонад онро пароканда кунад ва интихоботи пеш аз мӯҳлат таъин кунад, агар вай дар соли гузашта онро пароканда накарда бошад.