Мадҳурӣ Дикшит
ҳунарпешаи ҳинд / From Wikipedia, the free encyclopedia
Мадҳурӣ Дикшит (англ. Madhuri Dixit Nene,15 май 1967) - инчунин ӯро баъди ба шавҳар баромадан Мадҳурӣ Дикшит Нене мешиносанд[2], ҳунарпеша ва продюсери синамои ҳинд мебошад. Ӯ яке аз машҳуртарин ва баландпардохттарин ҳунарпешаи Болливуд ба шумор рафта,[3][4], дар соли 2001 ба Китоби рекордҳои Гиннес дохил шудааст. Мадҳурӣ бо ҳунари актёрӣ ва рақсаш дар ҷаҳон шинохта шудааст. Рассом М. Ф. Ҳусейн ӯро олиҳаи худ номид. Ғолиби шумораи зиёди ҷоизаи Filmfare дар номзадии "Ҳунарпешаи беҳтарин" мебошад, ки ӯ чор маротиба ғолиб омадааст. Соли 2008 ӯ бо ҷоизаи Падма Шрӣ чаҳорум ҷоизаи олии шаҳрвандӣ дар Ҳиндустон барои саҳмгузорӣ дар синамо қадрдонӣ шудааст.
Quick Facts Мадҳурӣ Дикшит, Ном ҳангоми таваллуд ...
Madhuri Dixit | |
Ном ҳангоми таваллуд | Madhuri Dixit |
Таърихи таваллуд | 15 май 1967(1967-05-15) |
Зодгоҳ | Мумбай, Маҳороштра, Ҳиндустон |
Шаҳрвандӣ | Ҳиндустон |
Пеша | бозигари синамо |
Завҷ | Shriram Madhav Nene[d][1] |
Ҷоизаҳо |
Filmfare Awards, Padma Shri |
Вебгоҳ | madhuridixit-nene.com |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Close