Камолуддин Беҳзод
From Wikipedia, the free encyclopedia
Камолуддин Беҳзод (форсӣ: کمال الدین بهزاد, тақр. 1455, Ҳирот – 1536, Табрез) — бузургтарин мусаввир, наққош ва минётурнигори тоҷик, ки дар Шарқ бо номи ифтихории «Монии Сонӣ» ва дар Ғарб бо номи «Рафаэли Шарқ» шуҳрат дорад. Муосиронаш ӯро «қоиди мусаввирон», «ягонаи замона» ва «нодири даврон» ном бурдаанд.