Гвадалквивир
From Wikipedia, the free encyclopedia
Гвадалквиви́р (исп. Guadalquivir [gwɑðalkiˈβiɾ], аз ар. الوادي الكبير Водиу-л-Кабир — дараи бузург, лот. Bætis) — аз ҷиҳати дарозӣ дуюмин (баъди Эбро) дарё дар ҷануби Испониё.
• Координатаҳо | 37°50′21″ с. ш. 2°58′25″ з. д.HGЯO[[Гурӯҳ:Қуттии дарё: Викимаълумот: истифодабарии таркиб: координатаҳо|]] |
---|---|
Мавқеъ | |
Дарозиаш 560 км, масоҳати ҳавзааш 57 ҳазор км². Саробаш дар кӯҳҳои Андалус. Аз пастии Андалус ҷорӣ шуда, ба халиҷи Кадис дар уқёнуси Атлантик мерезад. Поинтар аз ш. Кория-дел- Рио ба се шохоби бузург ҷудо шуда, пеш аз резиш ба халиҷ боз ба як маҷро табдил меёбад. Бараш дар маҷрои мобайнӣ 150—200 м. Манбааш борон, давраи обхезиаш феврал — март. Сарфи миёнаи об 164 м3/с. То ш. Кордова киштигард аст. Шохобҳои калонаш: аз чап — Гидианаи Хурд, Хенил; аз рост — Гвадалимар, Уэлва. Дар ҳавзаи Гвадалквивир НБО воқеъ аст, барои обёрӣ истифода мешавад. Дар наздикии резишгоҳ Боғи миллии Доняна воқеъ гардидааст. Дар соҳилҳои Гвадалквивир шаҳрҳои Қуртуба, Севиля, Санлукар-де-Баррамеда ҷойгиранд.