Вирҷиния
иёлат дар ИМА / From Wikipedia, the free encyclopedia
Вирҷиния, Виргиния (англ. Virginia; МФА: Virginia (итт.), [vɚˈdʒɪnjə]), номи расмӣ — Муштаракулманофеъи Вирҷиния (англ. Commonwealth of Virginia) — иёлатест дар қисми шарқи ИМА[2]. Дар баландии 1746 м аз с. б. ҷойгир аст. 10-умин иёлат дар ИМА. Аҳолӣ — 8 654 542 нафар (соли 2020; 12-умин дар ИМА), 36% аз он дар калоншаҳри Балтимор–Вашингтон сукунат доранд. Маркази маъмуриаш — шаҳри Ричмонд.
англ. Commonwealth of Virginia | |||
|
|||
Our Great Virginia[d] | |||
Кишвар | [[|]] | ||
Маркази маъмурӣ | Ричмунд[d] | ||
Роҳбар | Glenn Youngkin[d] | ||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||
Таърихи таъсис | 25 июн 1788 | ||
Масоҳат |
|
||
Баландӣ | 290 м | ||
Вақти минтақавӣ | America/New_York[d] | ||
Аҳолӣ | |||
Аҳолӣ | |||
Шиносаҳои ададӣ | |||
Рамзи ISO 3166-2 | US-VA | ||
Вебгоҳи расмӣ(англ.) | |||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Шаҳрҳои бузургаш: Вирҷиния-Бич, Александрия, Линчберг, Норфолк, Нюпорт-Нюс, Портсмут, Роанок, Ҳэмптон, Чесапик. Аз 95 музофот ва 39 шаҳр иборат аст. Маркази р. о., аэропорти байналмилалии Washington Dulles ва аэропорти миллии ба номи Роналд Рейган дорад. Масоҳаташ 110785 км2. Вирҷиния аз самти шарқӣ бо уқёнуси Атлантик, аз ҷануб бо иёлати Каролинаи Шимолӣ ва Теннеси; аз самти шимолу шарқ бо иёлати Мэриленд ва Колумбия, аз шимолу ғарб бо иёлати Вирҷинияи Ғарбӣ, аз ғарб бо Кентукки ҳамсарҳад аст.