Белемнитҳо
From Wikipedia, the free encyclopedia
Белемнитҳо ё белемнитидҳо[1] ((лот. Belemnitida, аз юн.-қад. βέλεμνον)) — як гурӯҳи ҳайвоноти бемуҳраи мунқариз.
Quick Facts Белемнитҳо, Табақабандии илмӣ ...
Белемнитҳо | ||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| ||||||||
Табақабандии илмӣ | ||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест. Параметрҳои parent ва rangро пур кунед.
|
||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||
Belemnitida Gray, 1849 | ||||||||
|
Close
Мансуби синфи нармбаданҳои сарпой мебошанд. Аз давраи ангиштсанг то палеоген зиндагӣ кардаанд. Зоҳиран ба калмарҳо монанд буда, садафи дохилӣ доштанд (он аз се қисм — фрагмокон, проостракум ва ростр иборат буд). Фрагмокон махрутшакл буда, ба воситаи девора ба ҳуҷраҳо тақсим мешуд. Проостракум дар тахтапушти Белеминтҳо пеш аз фрагмокон ҷой гирифта буд. Ростр (дарозиаш то 40 см) дарозрӯяи сигормонанд ё нештаршакл буда, чун ғилоф фрагмоконро мепӯшид. Белеминтҳо дар баҳрҳо мезистанд. Ғизои онҳо ҷонварони обӣ буданд.