Анварпошшо
From Wikipedia, the free encyclopedia
Исмоил Анвар, маъруф ба Анварпошшо ё (аз аввал) Анварбой (усм. اسماعیل انور پاشا, тур. Enver Paşa; 22 ноябр 1881 (1881-11-22), Истамбул — 4 августи 1922, деҳаи Обдараи ноҳияи Балҷувон) — сиёсатмадор ва низомии турк, генерал, яке аз сарварони ҳизби «Иттиҳод ва тараққӣ»-и ҷавонтуркон, иштирокчии Инқилоби соли 1908 (алайҳи султон Абдул Ҳамид) ва табаддулоти давлатии апрели 1913-и ҷавонтуркон дар Туркия.
Quick Facts Анварпошшо, Зодрӯз ...
Анварпошшо | |
---|---|
усм. اسماعیل انور پاشا | |
Зодрӯз | 22 ноябр 1881(1881-11-22)[1][2][3] |
Таърихи даргузашт | 4 август 1922(1922-08-04)[1][4][2][…] (40 сол) |
Мансубият | |
Солҳои хидмат | Ottoman Army[d] |
Қисм | генерал |
Равобит | |
Соядаст | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Close
Бо лақабҳои «Домоди халифа» ва «Наполеончики турк» машҳур буд.